ҒОЛИБИЯТИ ХОНАНДАГОНИ МУАССИСА ДАР ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ»

Дирӯз дар толори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бо иштироки муовини Раиси ноҳияи Шоҳмансур Зарина Зуҳурзода, роҳбарони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи Раиси ноҳия, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ҳайати ҳакамон, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон ва ғолибон Маросими ҳавасмандгардонии ғолибони даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор гардид.

Дар чорабинӣ ғолибони озмун ва устодони онҳо аз рӯйи номинатсияҳои гуногун қадрдонӣ гардида, ба онҳо барои дастовардҳои назаррас, талошу заҳмат ва иштироки фаъолонаашон сипоснома, диплом ва мукофотҳои пулӣ тақдим карда шуд.

Боиси ифтихор аст, ки як қатор хонандагони муассиса низ дар ин озмуни бонуфуз аз номинатсияҳои гуногун сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд:

Аз номинатсияи химия:

🥇Ашуров Нурулло, хонандаи синфи 9 — ҷойи I;

Аз номинатсияи биология:

🥇Холов Билол, хонандаи синфи 7 — ҷойи I;

Аз номинатсияи география:

🥇Аҳмадова Шаҳодат, хонандаи синфи 9 — ҷойи I;

🥈Шарифова Маҳваш, хонандаи синфи 9 — ҷойи II;

🥈Боев Муҳаммад, хонандаи синфи 11 — ҷойи II;

🥉Зафарзода Фурӯзон, хонандаи синфи 11 — ҷойи III;

Аз номинатсияи математика:

🥈Лундукова Наргиза, хонандаи синфи 11 — ҷойи II.

Ин дастовардҳо боз як нишонаи равшани заҳмати пайвастаи хонандагон, дастгирии омӯзгорон ва таваҷҷуҳи муассиса ба рушди тафаккури илмӣ, эҷодкорӣ ва истеъдоди наврасону ҷавонон мебошад. Иштирок ва пирӯзии хонандагон дар чунин озмунҳо онҳоро ба омӯзиши амиқи фанҳои дақиқу табиӣ, ҷустуҷӯйи илмӣ ва худшиносии маърифатӣ бештар ҳавасманд месозад.

Маъмурияти муассиса ҳамаи ғолибонро самимона табрик намуда, ба онҳо дар ҷодаи илму дониш муваффақиятҳои нав ба нав, неруи тоза, иродаи қавӣ ва фатҳи қуллаҳои баланди илмиро таманно менамояд.

Ғолибият муборак, хонандагони азиз!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *