ОМӮЗГОРИ ФАННИ МАТЕМАТИКАИ МТД «ГИМНАЗИЯИ №2 БАРОИ ХОНАНДАГОНИ БОЛАЁҚАТИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ» — ҒОЛИБИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ «ОМӮЗГОРИ СОЛ – 2026»

Рӯзҳои 6-9 июни соли 2026 ҷиҳати иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 16 апрели соли 2020, №265 «Дар бораи ташкил ва баргузории озмунҳои “Мураббии сол”, “Омӯзгори сол” ва “Хонандаи сол” дар шаҳри Душанбе» ва фармоиши дахлдори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол – 2026» дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар даври шаҳрии озмун ғолибони даврҳои ноҳиявӣ иштирок намуда, донишу малака, маҳорати касбӣ, таҷрибаи омӯзгорӣ ва қобилияти эҷодии худро дар назди ҳайати ҳакамон муаррифӣ карданд. Боиси ифтихор аст, ки намояндаи ноҳияи Шоҳмансур, омӯзгори фанни математикаи МТД “Гимназияи 2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе» Шарифзода Шарифҷон Амиралӣ бо иштироки фаъолона, дарсҳои намунавии муосир ва маҳорати баланди касбӣ сазовори ҷойи I гардид.

Тибқи тартиби баргузории озмун, дар рӯзҳои 6–9 июни соли 2026 довталабон аз рӯйи чанд самти муҳимми касбӣ, аз ҷумла гузаронидани дарси намунавӣ аз рӯйи ихтисос, муаррифии таҷрибаи корӣ, таҳлили дарс ва худбаҳодиҳӣ, баргузории маҷлиси падару модарон, соати тарбиявӣ, кор бо компютер, инчунин донистани санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи маориф миёни ҳамдигар фаъолона рақобат намуданд.

Бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани озмун, таъмини шаффофият, баҳодиҳии одилона ва муайян намудани донишҳои амалию назариявии довталабон, ҳайати ҳакамони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол – 2026» ҳамаи шартҳои озмунро тибқи талаботи Низомнома роҳандозӣ намуданд.

Саволҳо ва супоришҳо дар муҳлатҳои муайяншуда ба довталабон пешниҳод гардида, фаъолияти ҳар як иштирокчӣ аз рӯйи меъёрҳои муқарраргардида баҳогузорӣ карда шуд.

Баъди ҷамъбасти натиҷаҳо, баҳодиҳӣ ба донишҳои назариявӣ, маҳорати амалӣ, сатҳи гузаронидани дарс, истифодаи технологияҳои муосир, қобилияти таҳлилӣ, фарҳанги муошират ва холҳои умумии бадастовардаи довталабон муайян гардид, ки Шарифзода Шарифҷон Амиралӣ — омӯзгори фанни математикаи МТД «Гимназияи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе» бо нишон додани маҳорати баланди педагогӣ, муносибати эҷодӣ ба раванди таълим ва истифодаи усулҳои интерактивию муосири омӯзишӣ сазовори ҷойи I гардид.

Шарифзода Шарифҷон Амиралӣ дар фаъолияти омӯзгории худ ба рушди тафаккури математикӣ, ташаккули мантиқ, таҳлили масъалаҳо, омодасозии хонандагон ба олимпиадаҳо ва истифодаи самараноки технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Усули таълими ӯ ба он равона гардидааст, ки хонандагон на танҳо формулаҳоро аз худ намоянд, балки фикр кардан, ҷустуҷӯ намудан, таҳлил кардан, хулоса баровардан ва ба натиҷа расиданро омӯзанд.

Ҳайати маъмурият, омӯзгорон, кормандон, хонандагон ва волидони МТД «Гимназияи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе» Шарифзода Шарифҷон Амиралиро бо ин дастоварди назаррас самимона муборакбод намуда, ба ӯ дар фаъолияти минбаъдаи омӯзгорӣ сарбаландӣ, комёбиҳои нав, неруи эҷодӣ ва муваффақиятҳои пайваста орзу менамоянд.

Боиси зикр аст, ки ғолиби даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол – 2026» дар чорабинии бахшида ба Рӯзи пойтахт бо мукофоти пулӣ ва Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардида, барои иштирок дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Омӯзгори сол – 2026» пешниҳод мегардад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *