ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — СУБҲИ ОРОМИ ҲАР ХОНАДОН ВА КАФИЛИ ФАРДОИ ОБОДИ ТОҶИКИСТОН

«Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонида бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ хаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравард гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад».

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Саҳаргоҳон модар бо навозиш фарзандашро аз хоби ноз бедор намуда, барои илмомӯзӣ ба мактаб гусел мекунад. Пеш аз ин, дар назди фарзанд нони гарми болаззат, чойю хӯрданиҳоро рӯйи дастархон гузошта, бо табассум ба ӯ менигарад ва бо иштиҳо хӯрдани фарзанди худро назорат мебарад.

Ин лаҳза аз намоишнома нест, ин ҳаёти ҳаррӯзаи мардуми тоҷик аст, ки бо заҳмату талошҳо ба даст омадааст. Ин лаҳзаи орому босаодат воқеан ҳам натиҷаи Ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи кишвар аст, ки ҳар хонадони тоҷикистонӣ субҳи худро бо хотири ҷамъ, дили шод ва амнияти комил оғоз менамояд.

Ҳар субҳи ороми кӯдак, ҳар табассуми модар, ҳар занги мактаб, ҳар роҳи ободу равшан, ҳар саҳни пур аз хандаву нишоти муассисаҳои таълимӣ нишонаи он аст, ки сулҳу ваҳдат барои мо танҳо як мафҳуми сиёсӣ ё таърихӣ нест. Он нафаси осудаи миллат, оромии хонадон, равшании роҳи фарзандон ва пояи боэътимоди зиндагии имрӯзаи мо мебошад.

Ваҳдати миллӣ кафили асосии сулҳ, субот ва осоиштагии ҷомеа мебошад. Маҳз ба шарофати ин падидаи бузурги таърихӣ кишвари азизи мо аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ наҷот ёфта, ба марҳилаи созандагӣ, бунёдкорӣ ва рушди устувор ворид гардид. Ваҳдат танҳо мафҳуми сиёсӣ нест; он заминаи асосии ҳаёти осоиштаи ҳар шаҳрванд, нишонаи ягонагии фикру андеша, далели ҳамбастагии миллат ва сарчашмаи пешрафти иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар ба шумор меравад.

Ваҳдати миллӣ ба мардуми тоҷик имкон дод, ки баъди рӯзҳои душвору сангини таърихӣ дубора ба ҳам оянд, ранҷу дардро паси сар намоянд, хонаи умеди худро обод созанд ва бо боварӣ ба оянда қадам гузоранд. Имрӯз рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, иқтисод, сохтмони роҳу пулҳо, муассисаҳои таълимӣ, иншооти иҷтимоӣ ва болоравии нуфузи байналмилалии Тоҷикистон маҳз дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ имконпазир гардидааст.

27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшид, гурезаҳоро ба Ватан баргардонд ва роҳи нави давлатсозиву миллатсозиро боз намуд. Ин сана дар таърихи навини тоҷикон ҳамчун рӯзи умед, рӯзи пирӯзии ақлу хирад, рӯзи оғози зиндагии осоишта ва рӯзи эҳёи давлатдории миллӣ сабт гардидааст.

Дар ин раванди тақдирсоз нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузург ва таърихӣ мебошад. Маҳз бо ҷасорат, дурандешӣ, иродаи қавӣ ва сиёсати сулҳпарваронаи Пешвои миллат мардуми тоҷик аз парокандагӣ ба ягонагӣ, аз ноумедӣ ба созандагӣ ва аз вазъи ноором ба суботу пешрафт расид. Ин корномаи бузург дар хотираи таърихии миллат ҳамчун намунаи олии садоқат ба Ватан, масъулият дар назди халқ ва хизмат ба ояндаи Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд.

Ваҳдати миллӣ барои ҳар фарди ҷомеа, махсусан барои насли наврасу ҷавонон, мактаби ибрат аст. Ҷавонони имрӯза бояд донанд, ки сулҳу оромӣ худ аз худ ба даст наомадааст. Он натиҷаи заҳмат, фидокорӣ, гузашт, хирад, ҳамдигарфаҳмӣ ва талошҳои пайвастаи фарзандони содиқи миллат мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як ҷавон вазифадор аст, ки ин неъмати бебаҳоро мисли гавҳараки чашм ҳифз намояд.

Барои пойдории сулҳу субот дар кишвар вазифаи аввалиндараҷаи оила ва мактаб тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, эҳтиром ба забони модарӣ, фарҳанг, таърих ва анъанаҳои неки ниёгон мебошад. Модару падар, омӯзгор ва ҷомеа бояд ба фарзандон фаҳмонанд, ки Ватан танҳо сарзамин нест, Ватан хонаи умеди мост, макони оромии модар, мактаби донишомӯзии фарзанд, қабристони гузаштагон ва ояндаи наслҳои баъдӣ мебошад.

Барои ин бояд аз гузашта ёд кунем. Он рӯзҳои мудҳиш, ки ба сари халқи тоҷик омада буд, набояд фаромӯш шаванд. Хотираи таърихӣ моро ҳушёр месозад, ки ба қадри осудагӣ, сулҳ, истиқлол, ваҳдат ва Ватани азизамон бирасем. Мо бояд шогирдонро дар чунин руҳия тарбия намоем, ки сулҳро дӯст доранд, аз тафриқа дурӣ ҷӯянд, ба арзишҳои миллӣ эҳтиром гузоранд ва барои ободии Тоҷикистон саҳмгузор бошанд.

Имрӯз мактаб яке аз муҳимтарин ҷойгоҳҳои тарбияи ваҳдатшиносӣ мебошад. Дарси таърих, адабиёт, забони модарӣ, тарбияи ватандӯстӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ ва вохӯриҳои маърифатӣ бояд ба он равона шаванд, ки хонандагон моҳияти сулҳу ваҳдатро дуруст дарк намоянд. Агар насли наврас таърихи миллатро шиносад, арзиши сулҳро фаҳмад ва ба Ватан муҳаббат дошта бошад, ояндаи кишвар равшан ва устувор хоҳад буд.

Ваҳдати миллӣ барои ҷавонони имрӯза мероси гаронбаҳоест, ки онро бояд ҳифз, таҳким ва ба наслҳои оянда ба мерос гузошт. Пешрафти кишвар аз сулҳу оромӣ, аз якдигарфаҳмӣ, аз ҳамбастагӣ ва аз масъулияти шаҳрвандии ҳар яки мо вобаста аст. Дар ин раванд нақши ҷавонон бисёр бузург мебошад, зеро маҳз онҳо неруи созанда, давомдиҳандаи роҳи давлатдорӣ ва соҳибони фардои Тоҷикистонанд.

Ҷавонон бояд бо дониш, ахлоқи ҳамида, ҷаҳонбинии васеъ, худшиносии миллӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ ба ҷомеа хизмат намоянд. Онҳо бояд дарк кунанд, ки ҳифзи ваҳдат танҳо бо сухан нест, балки бо рафтори нек, эҳтиром ба калонсолон, меҳрубонӣ ба ҳамдигар, риояи қонун, таҳаммулпазирӣ, дӯст доштани Ватан ва саҳм гузоштан дар ободонии он амалӣ мегардад.

Ваҳдат гавҳари ноёбест, ки бо баҳои ҷони ҳазорон нафар ба даст омадааст. Нигоҳ доштани сулҳу оромии кишвар вазифаи ҳар сокини Тоҷикистон аст. Ҳар яки мо бояд дар таҳкими ваҳдати миллӣ саҳм гузорем, зеро оромии ҷомеа аз масъулияти шаҳрвандии мо оғоз меёбад.

Бигзор дар ҳар хонадон субҳи ором, дар ҳар мактаб садои хандаи кӯдакон, дар ҳар дил меҳри Ватан ва дар ҳар гӯшаи Тоҷикистони азизамон сулҳу ваҳдат поянда бошад. Ваҳдати миллӣ рамзи хушбахтии миллат, асоси давлатдории навин ва кафили фардои ободу дурахшони Тоҷикистон аст.

Тоҳирова Маърифат

муовини директор оид ба корҳои методӣ,

омӯзгори фанни забони русӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *