Бо мақсади иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 6 майи соли 2026, №388 «Дар бораи омодагӣ ва таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар шаҳри Душанбе» имрӯз дар МТД “Гимназияи 2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе» чорабинии тантанавӣ таҳти унвони «Кӯдакон — шукуфаи боғи зиндагӣ» бо иштироки роҳбарияти муассиса, омӯзгорон ва хонандагон баргузор гардид.
Чорабинӣ дар фазои идона, озод, самимӣ ва тантанавӣ ҷараён гирифта, аз чеҳраҳои шодону рӯҳияи болидаи кӯдакон аён буд, ки ин рӯз барои онҳо рамзи меҳру муҳаббат, таваҷҷуҳ, ғамхорӣ ва хушбахтии кӯдакӣ мебошад. Фазои муассиса бо ороишоти идона, табассумҳои ширини хонандагон ва барномаҳои рангини фарҳангӣ боз ҳам зебову хотирмон гардид.
Хонандагон дар ин рӯз бо қироати шеърҳо, иҷрои суруду таронаҳо, саҳначаҳои тарбиявӣ ва барномаҳои ҷолиби фарҳангӣ чорабиниро боз ҳам пурмазмуну хотирмон намуданд. Баромадҳои онҳо аз истеъдод, завқи баланд, маҳорати эҷодӣ ва муҳаббат ба Ватан, мактаб, омӯзгор ва арзишҳои инсонӣ дарак медод.
Дар анҷоми чорабинӣ директори муассиса Шарифзода Шарифҷон Амиралӣ кӯдакони азизро бо Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон самимона табрик намуда, таъкид дошт, ки кӯдакон ояндаи миллат, сарвати бебаҳои ҷомеа ва идомадиҳандагони роҳи созандагиву пешрафти Ватан мебошанд. Мавсуф иброз намуд, ки ғамхорӣ нисбат ба кӯдакон, фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбия, рушди истеъдод ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо яке аз вазифаҳои муҳимтарини ҷомеа ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон зикр гардид, ки хонандагони Гимназия бо донишу истеъдод ва талошҳои пайвастаи худ дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд. Ин дастовардҳо боиси ифтихори роҳбарият, омӯзгорон, падару модарон ва тамоми аҳли муассиса мебошанд.
Нишон
Парчам
Суруди миллӣ