НОМИ НЕКИ ФАРЗАНДОНИ МИЛЛАТ ҶОВИДОНА АСТ

Санаи 23 майи соли 2026 бо иқдоми сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур, кормандони дастгоҳи Сарраёсати маориф, мудирони шуъбаҳои маориф, роҳбарони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар ҳошияи маросими ба Ватан бар гардонидани мушти хоки оромгоҳи қаҳрамонони миллӣ ва бо мақсади эҳтиром ва гиромидошти хидматҳои фарзандони ба ору номуси Ватан дар таҳкими давлати тоҷикон ба Оромгоҳи Лучоб ташриф оварданд.

Дар ҷараёни ин боздиди маънавӣ, ташрифоварандагон аз макони хокҳои Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур, инчунин, шахсияти маъруфи таъриху фарҳанги миллӣ Нисор Муҳаммад дидан намуда, ҳамчун рамзи эҳтиром ба хидматҳои содиқонаи онҳо ба манзилҳои хоки ин фарзандони сарсупурдаи миллат гул гузошта, дуои хайр намуданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки чунин тадбири маънавӣ дар партави сиёсати хирадмандона ва инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба таъриху тамаддуни тоҷикон дар раванди давлатдории миллӣ аҳаммияти бузург дорад. Зимни боздид, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ёдовар шуданд, ки хотираи фарзандони фидоии миллат ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *