Дастовардҳои назарраси хонандагони МТД “Гимназияи 2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе» дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ самараи заҳмати пайвастаи роҳбарияти муассиса, омӯзгорони соҳибтаҷриба, хонандагони болаёқат ва дастгирии доимии волидайн мебошад.
Таҳлили натиҷаҳои се соли таҳсил нишон медиҳад, ки муассиса зина ба зина ба нишондиҳандаҳои баландтар ноил гардида, мавқеи худро дар байни муассисаҳои пешсафи таълимии шаҳри Душанбе устувор менамояд.
Бо фарорасии анҷоми соли таҳсил, ин дастоварди арзандаро ба роҳбарият, омӯзгорон, хонандагон ва волидони гиромӣ самимона муборакбод мегӯем.
Нишон
Парчам
Суруди миллӣ