ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ЗАМИНАИ ПИРӮЗИҲОИ ВАРЗИШӢ ВА ТАРБИЯИ НАСЛИ СОЛИМ

Ваҳдати миллӣ яке аз арзишмандтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон мебошад. Маҳз дар фазои сулҳу субот, дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдати саросарӣ кишвари мо ба пешрафтҳои назаррас дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла варзиш ноил гардидааст. Агар имрӯз ҷавонони тоҷик дар арсаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ Парчами давлатии Тоҷикистонро баланд мебардоранд, ин пеш аз ҳама самараи сулҳу ваҳдат ва сиёсати созандаи давлату Ҳукумати мамлакат мебошад.

Ҳамчун омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ ва мураббии варзиш, ҳар рӯз шоҳиди он мегардам, ки чӣ гуна наврасон ва ҷавонон дар фазои орому осуда имкони рушду такомули қобилиятҳои худро пайдо мекунанд. Ваҳдат на танҳо мардумро муттаҳид месозад, балки барои кашфу рушди истеъдодҳо низ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар муассисаи таълимии мо ҷалби хонандагон ба машғулиятҳои варзишӣ яке аз самтҳои муҳимми фаъолият ба ҳисоб меравад. Бо баргузории тамринҳои мунтазам ва муайян намудани имкониятҳои ҷисмонӣ ва техникии хонандагон мо кӯшиш менамоем, ки ҳар як наврасро мувофиқи қобилият, вазн ва сатҳи омодагиаш ба намудҳои гуногуни мусобиқаҳо ҷалб намоем. Аз ҷумла, дар риштаи “Каратэ-до” натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шудаанд.

Маҳз дар шароити сулҳу ваҳдат ва таваҷҷуҳи пайваста ба рушди варзиш ба мо муяссар гардид, ки як қатор хонандагони боистеъдодро барои иштирок дар мусобиқаҳои шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ омода намоем. Боиси ифтихор аст, ки хонандагони тамрингоҳ дар мусобиқаҳои гуногун соҳиби ҷойҳои намоён гардида, шарафи шаҳри Душанберо ҳимоя намудаанд.

Аз ҷумла, Ғафурова Оиша, Ғафуров Абдумалик, Набиев Юсуф, Раҳмонов Нуриддин, Файзалиева Нигина, Ҳайдарзода Шукрона, Саримсоқов Суҳайб, Азизов Муҳаммад, Маҳмадюсуфзода Закия, Султонов Юсуф ва Файзалиев Нуралӣ дар мусобиқаҳои шаҳрӣ ва ҷумҳуриявии каратэ иштироки фаъол намуда, ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ ноил гардидаанд. Ин дастовардҳо натиҷаи меҳнати пайваста, иродаи қавӣ, дастгирии падару модарон ва муҳити солими ҷомеа мебошанд.

Варзиш мактаби тарбияи ирода, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ аст. Ҳар як ғалабаи варзишгарони ҷавон нишон медиҳад, ки ҷавонони мо дар рӯҳияи худшиносӣ ва меҳру муҳаббат ба Ватан ба камол мерасанд. Онҳо дар баробари омӯзиши илм, тавассути варзиш низ барои ҳифзи обрӯ ва нуфузи Тоҷикистони азиз саҳми арзанда мегузоранд.

Имрӯз вазифаи мо – омӯзгорон аз он иборат аст, ки насли наврасро дар рӯҳияи сулҳпарварӣ, ваҳдатдӯстӣ ва ҳаёти солим тарбия намоем. Зеро ҷавононе, ки дар муҳити дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ба воя мерасанд, метавонанд фардо парчамбардорони воқеии миллат дар майдонҳои варзиш, илм ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа бошанд.

Ваҳдати миллӣ барои мо танҳо як ҷашн нест, балки асоси ҳамаи дастовардҳо ва пирӯзиҳои мост. То замоне ки сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеаи мо пойдор аст, ҷавонони тоҷик дар майдонҳои варзишӣ низ пайваста Парчами давлатии Тоҷикистонро парафшон намуда, обрӯи Ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам баланд хоҳанд бардошт.

Саримсоқов Алиҷон

устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон,

дорандаи камарбанди сиёҳи дани якум,

омӯзгори варзиши МТД «Гимназияи №2

барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе»

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *