Имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур маросими ҷоизасупории ғолибони даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид.
Дар маросими ҳавасмандгардонии ғолибон муовини Раиси ноҳияи Шоҳмансур Зарина Зуҳурзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳия Бобозода Асомиддин, директорони муассисаҳои таълимии ноҳия, омӯзгорон, волидон ва хонандагон иштирок намуда, ғолибонро бо дастовардҳои арзандаашон табрик гуфтанд.
Боиси ифтихору сарфарозист, ки хонандагону омӯзгори МТД “Гимназияи 2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе» дар ин озмуни бонуфуз ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, бо ҷойҳои ифтихорӣ сарфароз гардонида шуданд.
Аз ҷумла:
Номинатсияи адабиёти бачагона байни синфҳои 1-4
Ҳодизода Меҳрона — синфи 2 «В» — ҷойи I
Асрорзода Закия — синфи 3 «Б» — ҷойи II
Номинатсияи адабиёти муосир байни синфҳои 1–4
Баҳромӣ Париваш Ризо — синфи 3 «Б» — ҷойи I
Каримзода Сабрина — синфи 3 «Г» — ҷойи II
Номинатсияи адабиёти классикӣ байни синфҳои 5–8
Наҷмиддинова Нурбону — синфи 9 «Г» — ҷойи II
Сафарова Салима — синфи 7 «А» — ҷойи III
Номинатсияи адабиёти муосир байни синфҳои 5–8
Бобоева Омина — синфи 8 «А» — ҷойи I
Салоҳова Бибиоша — синфи 7 «Б» — ҷойи III
Номинатсияи адабиёти классикӣ байни омӯзгорон
Наҷмиддинов Муродалӣ – омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик— ҷойи III.
Гимназия аз ин дастоварди шоистаи хонандагону омӯзгори худ ифтихор намуда, ғолибон, омӯзгорони роҳнамо ва падару модарони онҳоро самимона табрик мегӯяд.
Нишон
Парчам
Суруди миллӣ