2 июни соли 2026 бо ташаббус ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур ва МД “Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Шоҳмансур”-и шаҳри Душанбе дар толори бошукӯҳи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон барномаи идонаи фарҳангӣ-фароғатӣ ва маросими ҷоизасупории озмуни “ТОП-35 навраси муваффақ ва маъруфи шаҳри Душанбе” бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор гардид.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки хонандаи синфи 3 “Б”-и МТД “Гимназияи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе” — Баҳромӣ Париваши Ризо низ барандаи озмуни мазкур гардида, дар қатори наврасони муваффақу маъруфи пойтахт бо диплом, Ҷом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуд.
Мо ин муваффақияти навбатиро ба Баҳромӣ Париваши Ризо, падару модар, омӯзгорон ва ҳамаи онҳое, ки дар тарбияву дастгирии ӯ саҳм доранд, самимона табрик гуфта, ба ӯ саломатӣ, хушбахтӣ ва муваффақиятҳои дигарро орзу менамоем.
Нишон
Парчам
Суруди миллӣ