ИФТИХОРИ НАВБАТИИ ХОНАНДАГОНИ ГИМНАЗИЯ ДАР ОЗМУНҲОИ ШАҲРӢ

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» маросими ҳавасмандгардонии ғолибони озмунҳои бонуфузи шаҳрӣ «Забон донӣ — ҷаҳон донӣ» ва «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» баргузор гардид.

Боиси сарфарозист, ки дар ин чорабинии бошукӯҳ хонандагони Муассисаи таълимии давлатии «Гимназияи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе» низ фаъолона иштирок намуда, бо талошҳои пайвастаи худ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Аз ҷумла, дар озмуни шаҳрии «Забон донӣ — ҷаҳон донӣ» хонандаи синфи 9 Шафоатова Зулола бо нишон додани сатҳи баланди дониши забонӣ сазовори ҷойи I гардид.

Ҳамчунин, дар озмуни шаҳрии «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» хонандагони Гимназия дар номинатсияҳои гуногун ба натиҷаҳои назаррас ноил шуданд:

Дар номинатсияи «Робототехника»:

Қодирзода Юсуф, хонандаи синфи 9 — ҷойи I;

Раҳмонов Руслан, хонандаи синфи 9 — ҷойи II.

Дар номинатсияи «Сайёҳӣ — кишваршиносӣ»:

Зафарзода Фурӯзон, хонандаи синфи 11 — ҷойи I.

Дар номинатсияи «Меъморӣ»:

Файзуллозода Солеҳ, хонандаи синфи 11 — ҷойи I.

Дар номинатсияи «Моделсозӣ»:

Холов Усмон, хонандаи синфи 9 — ҷойи II.

Ин дастовардҳо боз як нишони равшани меҳнатдӯстӣ, истеъдоди эҷодӣ ва омодагии ҳамаҷонибаи хонандагони Гимназия ба шумор рафта, боиси ифтихори муассиса, омӯзгорон ва волидайн мебошанд.

Маъмурияти Гимназия ғолибонро бо ин комёбии арзанда самимона табрик намуда, барору муваффақиятҳои бештар таманно менамояд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *