Боиси ифтихор аст, ки дастовардҳои МТД “Гимназияи 2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе» сол то сол рӯ ба афзоиш ниҳода, хонандагони болаёқати муассиса дар олимпиадаву озмунҳои гуногун шарафи Гимназияро дар сатҳи шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ баланд мебардоранд.
Маросими ҳавасмандгардонии хонандагони болаёқат, омӯзгорони пешқадам ва кормандони фаъоли МТД “Гимназияи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе” дар соли таҳсили 2025–2026 бо иштироки муовини сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе — Аминҷонзода Парвина, директори Гимназия — Шарифзода Шарифҷон, ҳайати омӯзгорон, кормандони техникӣ, волидайн ва хонандагон дар фазои тантанавӣ баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ директори муассиса Шарифзода Шарифҷон меҳмононро хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии хонандагони болаёқат, омӯзгорони заҳматкаш ва волидайни фаъол яке аз самтҳои муҳимми сиёсати соҳаи маориф ба ҳисоб меравад. Таъкид гардид, ки хонандагони соҳибистеъдод, чунонки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо иброз доштаанд, “Захираи тиллоии давлат” мебошанд ва тарбияву рушди онҳо вазифаи муқаддаси ҳар як омӯзгор, волидайн ва масъули соҳа аст. Мавсуф ҳамчунин қайд намуд, ки дастовардҳои назарраси хонандагон дар олимпиадаву озмунҳои сатҳи шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ натиҷаи заҳмати пайвастаи омӯзгорон, дастгирии волидайн ва муҳити созандаи таълимӣ дар Гимназия мебошад. Ба гуфтаи ӯ, чунин иқдомҳои ҳавасмандгардонӣ на танҳо қадрдонии меҳнату истеъдод, балки омили муҳимми баланд бардоштани рӯҳияи хонандагон, омӯзгорон ва кормандони муассиса ба шумор мераванд.
Имсол низ хонандагони Гимназия бо иштироки фаъолона ва натиҷаҳои назаррас дар олимпиадаҳои гуногун сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардида, номи муассисаро бо ифтихор муаррифӣ намуданд. Аз ҷумла, 4 нафар хонандаи Гимназия дар олимпиадаҳои байналмилалӣ бо ба даст овардани ҷойи III муваффақ гардида, муассисаро дар арсаи байналмилалӣ шоиста муаррифӣ карданд. Ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ, омӯзгорон ва волидайни онҳо бо ҷоиза, Сипоснома ва мукофотпулӣ қадрдонӣ гардиданд:
JEO–SEO
• Сафарзода Рухшона, синфи 11 — ҷойи III
• Сафарова Омина, синфи 11 — ҷойи III
• Ғуломов Сомон, синфи 4 — ҷойи III
AMC
• Назарзода Валиҷон, синфи 4 — ҷойи III.
Бешубҳа, чунин дастовардҳои назаррас бе заҳмат, масъулиятшиносӣ ва меҳнати содиқонаи омӯзгорон ба даст намеоянд. Маҳз талошҳои пайвастаи омӯзгорон, роҳнамоии дуруст, машғулиятҳои иловагӣ ва муносибати эҷодкорона ба таълим заминаи асосии муваффақияти хонандагон мебошанд.
Бо мақсади қадрдонӣ аз саҳми арзанда дар рушди ҳаракати олимпӣ, меҳнати софдилона ва адои рисолати омӯзгорӣ, омӯзгороне, ки шогирдонашон дар олимпиадаҳо сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд, бо мукофотҳои пулӣ аз 500 то 5000 сомонӣ ҳавасманд гардонида шуданд.
Ҳамчунин, барои заҳмати содиқона, фаъолияти намунавӣ ва саҳми арзанда дар баланд бардоштани сатҳу сифати таълим 5 нафар омӯзгори муассиса бо Ифтихорномаи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд:
• Юлдошева Муътабар
• Шамсутдинова Ҳафиза
• Зиёева Ҳафиза
• Султонова Зулфия
• Шарофова Шарофат
Илова бар ин, барои саҳми арзанда дар пешбурди фаъолияти муассиса, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ, масъулиятшиносӣ ва фаъолияти пурсамар омӯзгорони зерин аз ҷониби Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардиданд:
• Файзуллоев Асадулло
• Тоҳирова Маърифат
• Файзов Улфатшо.
Омӯзгороне, ки дар давоми соли таҳсил фаъолияти назаррас нишон доданд, инчунин бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии муассиса қадрдонӣ карда шуданд.
Бояд қайд намуд, ки соли шашум аст, муассиса ба барномаи “e-Donish” пайваст буда, давоми ду соли охир дар Гимназия журнали электронӣ ва рӯзномаҳои электронӣ мавриди истифода қарор доранд. Дар самти татбиқи самараноки ин низом масъулиятшиносии омӯзгорон ва ҳамкории фаъоли волидайн нақши муҳим дорад. Бо дарназардошти фаъолияти намунавӣ дар ин самт, аз ҷониби маъмурияти Гимназия беҳтарин омӯзгорон ва волидайн бо сипоснома ва туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Дар давоми соли таҳсил бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, рушди истеъдодҳо, таҳкими ҷаҳонбинии хонандагон ва густариши корҳои беруназсинфӣ дар муассиса як қатор чорабиниҳои илмӣ, фарҳангӣ, маърифатӣ ва тарбиявӣ ташкил ва баргузор карда шуданд. Дар ҷамъбасти фаъолияти солона маъмурияти Гимназия натиҷаҳои бадастомадаро таҳлил намуда, беҳтаринҳоро дар номинатсияҳои гуногун бо сипоснома ва ҷоиза сарфароз гардонд.
БЕҲТАРИНҲОИ СОЛИ ТАҲСИЛ:
• Омӯзгори беҳтарин: Гулева Иқлима
• Роҳбари синфи беҳтарин: Қаландарова Ш.А.
• Беҳтарин иттиҳодияи методӣ: Иттиҳодияи методии синфҳои ибтидоӣ
• Волидайни беҳтарин: Саидова Саида
• Беҳтарин маҳфили фаннӣ: Маҳфили “Ғунчаҳои санъат” зери роҳбарии Баҳронов Абдушафӣ
• Корманди беҳтарин: Фозилова Зарина
• Синфи беҳтарин: синфи 11 “А”.
Бо мақсади дастгирии иҷтимоӣ, қадрдонӣ аз фаъолияти пурсамар ва ба инобат гирифтани таҷрибаи кории кормандони муассиса, 6 нафар корманди беҳтарин ба осоишгоҳҳо роҳхат гирифтанд:
КОРМАНДОНЕ, КИ БА ОСОИШГОҲҲО РОҲХАТ ГИРИФТАНД
• Азимов Хайрулло: осоишгоҳи “Хоҷа Оби Гарм
• Файзуллоев Асадулло: осоишгоҳи “Зумрад”
• Мусоева Зумрия: осоишгоҳи “Зумрад”
• Касирова Чаман: осоишгоҳи “Шоҳамбарӣ”
• Зиёева Ҳафиза: осоишгоҳи “Сангчашма”
• Азизова Гулсуной: осоишгоҳи “Сангчашма”.
Маъмурияти МТД “Гимназияи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе” минбаъд низ барои дастгирии хонандагони соҳибистеъдод, ҳавасмандгардонии омӯзгорони пешқадам, таҳкими ҳамкории муассиса бо волидайн ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия тамоми чораҳои заруриро амалӣ менамояд. Дастовардҳои имрӯза далели равшани онанд, ки заҳмати муштараки омӯзгорон, хонандагон, волидайн ва роҳбарияти муассиса самараи нек ба бор оварда, барои муваффақиятҳои боз ҳам бештар замина мегузорад.
Нишон
Парчам
Суруди миллӣ